Заминларза дар Тоҷикистон

Боз заминҷунбӣ: Хоруғро заминларза такон дод

© Sputnik / Игорь Носов / Гузариш ба медиабонкСейсмограф, архивное фото
Сейсмограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳудуди ВМКБ ва манотиқи марзӣ бо Афғонистон замин ларзид. Дар бораи талафоти ҷонию молӣ хабар дода намешавад

ДУШАНБЕ, 9 ноя – Sputnik. Дар Тоҷикистон заминҷунбии 4,6 баллӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Урупо ва Баҳри Миёназамин.

Заминларза шоми 8 ноябр соати 17:19 бо вақти маҳаллӣ дар чуқурии 138 километр рух додааст.

Бино ба гузориши манбаъ, маркази заминҷунбӣ 41 километр дуртар аз маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, ҷойгир будааст.

Полиция напротив разрушенного здания в результате землетрясения в Измире  - Sputnik Тоҷикистон
Биноҳои фурӯрафта ва хиёбонҳои зери об монда: Туркия ва Юнон пас аз заминҷунбӣ - акс

Заминҷунбии 5,3-баллӣ дар Қирғизистон, Суғду Фарғонаро ҳам такон дод

Ин заминларзаро дар манотиқи марзии Афғонистон аз ҷумла Қундуз низ эҳсос кардаанд.

Тибқи иттилоъито кунун ба даст расида, дар паи ин ҳодисаи табиӣ ҷон ё моли касе осеб надидааст.

Ёдрас мешавем, бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 6 ноябр, заминҷунбӣ ба амал омада буд.

Бадахшонро заминларза такон дод: маркази заминҷунбӣ 19 километр дуртар аз Хоруғ буд

Он замон заминларза якбора се кишвари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро такон дода буд.

Лентаи хабарҳо
0