Владимир Зеленский гирифтори коронавирус шуд

Обуна шудан
Президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи ҳарорати баланд пас аз сироят ба коронавирус ҳарф зад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Президенти Украина Валадимир Зеленский мубталои бемории коронавирус шудааст.

"Дар ҷаҳон хушбахте нест, ки COVID-19 барояш таҳдид накунад. Бо вуҷуди ҳама чораҳои карантинӣ, ман низ натиҷаи мусбат гирифтам", - навиштааст Зеленский дар сафҳаи Твиттери худ.

Раҳбари Украина гуфт, ки дар айни замон ҳарораташ 37,5° аст. Президент дар бораи нишонаҳои дигар чизе нагуфт.

"Ман худро хуб ҳис мекунам. Аксаран COVID-19-ро пушти сар кардаанд. Ва ман низ аз он мегузарам", - таъкид кард ӯ.

Дар иртибот бо сироятёбӣ ба коронавирус, Зеленский ваъда дод, ки ба худҷудоӣ меравад, аммо корашро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки миёнаи моҳи июн хонуми аввали Украина Елена Зеленская аз коронавирус ранҷ мебурд. Пас аз он президент ва фарзандони онҳо барои ташхиси COVID-19 санҷида шуданд, аммо озмоишҳо натиҷаҳои манфӣ нишон дода буданд.

Лентаи хабарҳо
0