15:23 29 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
46130

Роҳбарони Арманистон, Озарбойҷон ва Русия баёнияи оташбас ва хатми ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳиро имзо карданд, ки он аз соати 00: 00-и 10 ноябр ба амал даромад

ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар бораи хотима додани ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва ба минтақа ворид кардани нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳамин тавр, нимашаби рӯзи 10 ноябр ба вақти Маскав оташбаси комил эълон шуд.

Ҷонибҳои Озарбойҷон ва Арманистон ваъда доданд, ки асирони ҳарбиро табодул мекунанд, ва ҳарбиён ҳоло дар ҷойгоҳҳои худ боқӣ мемонанд.

Дар навбати худ, сарвазири Арманистон Никол Пашинян изҳор дошт, ки созишнома дар бораи Қарабоғ барои ӯ як қарори бениҳоят душвор буд ва илова кард, ки роҳи дигаре набуд. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мутмаин аст, ки созишномаҳо ба ҳалли низои Қарабоғ хотима мегузоранд.

Шаш ҳавопаймои Ил-76 бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай ба сӯи Қарабоғ парвоз карданд, онҳо баробари хуруҷи артиши Арманистон дар он ҷо хоҳанд буд.

Мӯҳлати будубоши нерӯҳои посдорони сулҳ панҷ сол бо тамдиди автоматӣ ба мӯҳлати иловагии панҷ соли дигар хоҳад буд, агар ҳеҷ кадоме аз тарафҳои созишнома дар бораи баромадан аз он қарор қабул накунанд.

Маълум аст, ки дар доираи созишномаи имзошуда Ереван бояд минтақаи Келбағарро то 15 ноябр ва вилояти Лочинро то 1 декабри соли 2020 баргардонад ва долони Лачинро, ки бараш панҷ километрро дар бар мегирад, бармегардонад, ки ин робитаи байни Қарабоғи Кӯҳӣ ва Арманистонро таъмин хоҳад кард.

Ғайр аз он, Ереван бояд то 20 ноябр ба Боку минтақаи Агдам ва як қисме аз ноҳияи Газахи Озарбойҷонро диҳад. Ин ба Шуша дахл надорад.

Гуфта мешавад, нерӯҳои посдори сулҳ наздики ду ҳазор низомӣ, 90 техникаи зиреҳпӯш ва 300 адад автомобил дар долони Лачин ҷойгир карда мешаванд.

Ҳама робитаҳои иқтисодӣ ва нақлиётӣ дар минтақа бояд кушода шаванд ва Арманистон ӯҳдадор шудааст, ки робитаҳои нақлиётиро байни минтақаҳои ғарбии Озарбойҷон ва автономияи Нахичевон таъмин намояд.

Марзбонони Русия инро назорат хоҳанд кард. Қарор аст, ки байни Озарбойҷон ва минтақаи автономияи Нахичеван иртиботи нави нақлиётӣ бунёд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки ҷанг дар Қарабоғи Кӯҳӣ 27 сентябр оғоз шуда буд. Арманистон ва Озарбойҷон якдигарро дар даргириҳо муттаҳам мекарданд.

"Инҷо мардумро мекушанд": Русияро дар Қаробоғ кӣ интизор аст?

Сипас роҳбарони Русия, ИМА ва Фаронса тарафҳои муқобилро даъват карданд, ки даргириҳоро қатъ кунанд ва бидуни шарти пешакӣ музокиротро оғоз кунанд.

Барчаспҳо:
оташбас, созишнома, Арманистон, Озарбойҷон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ