21:01 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1996 0 0

Тибқи изҳороти ҳавошиносон, пастравии ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон аз 10 ноябр оғоз хоҳад ёфт

ДУШАНБЕ, 10 ноя - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар хабар медиҳад, ки ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ кардаанд, ки зимистони имсола сард хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, аллакай аз 10 ноябр дар ҷумҳурӣ якбора паст рафтани ҳарорат дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар Душанбе, вилояти Хатлон ва қисми водии минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ нимаи дуюми моҳи ноябр ҳарорат то 0 дараҷа паст мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар водиҳо ва баландкӯҳҳо ба ҷойи боронҳо барфи тар меборад ва аз ин рӯ сокинон огоҳ карда шудаанд, ки ҳосили пухтаро саривақт ҷамъоварӣ кунанд.

Ҳамзамон, тавсия дода шудааст, ки меваю сабзавоти пухта нарасида бо пардаи полиэтиленӣ ё пахол ҳифз карда шавад.

Аз 23 ноябр ҳароратсанҷ ба пастравӣ шурӯъ мекунад ва ҳавои воқеии зимистон фаро хоҳад расид. Пеш аз Соли нав шабона ҳарорати сардиҳо метавонад то ба 15 дараҷа  расад.

Ҳамзамон, аввали моҳи январ дар баъзе шаҳрҳои кишвар, аз ҷумла дар Душанбе, ҳаво гармтар хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, пас аз сардиҳо баъди Соли нав гармии то 10 дараҷаӣ дар назар аст.

Дар моҳи январ, сардиҳои зимистон ба ҷумҳурӣ бармегарданд ва танҳо дар охири моҳи феврал паси сар мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар доираи меъёри иқлимӣ пешбинӣ шуда, дар водиҳо 6-8 гармӣ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -1 ... + 2 гарм хоҳад шуд.

Ғайримуқаррарӣ аст: барф аз баландкуҳҳо ба водиҳо поён мешавад - аксҳо

Дар Рашт ва ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёр каме пасттар ва тақрибан 6 дараҷа гарм хоҳад буд. Боришоти моҳона дар баъзе ҷойҳо аз меъёр зиёд хоҳад буд. Дар шарқи ВМКБ низ каме хунук хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
омодагӣ, сардиҳо, зимистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ