19:39 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1638 0 0

Фаррух Маҳмадзода, директори Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский” аз вазифа барканор шуд

 ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ин хабарро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид намуд, аммо аз сабабҳои барканории ӯ иҳзори беиттилоотӣ кард.

“Мавсуф дар ягон вазифаи дигар низ таъйин нашудааст. Ҳоло ба корҳои илмӣ машғул аст ва аз таъйиноти ҷадидаш иттилоъ хоҳем дод”, - гуфтанд дар марказ.

Бино ба ин манбаъ, Абдулло Сафарзода, директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии илмии эҳё ва детоксикатсия, воқеъ дар “Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе ба ҷои ӯ таъин шудааст.

Фаррух Маҳмадзода 6 майи соли равон дар айни гирудор бо “вируси корона” аз муовинати директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ба ин вазифа таъйин шуда буд.

Таъйиноти ӯ дар пайи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин шудани Ҷамолиддин Абдуллозода, он замон директори Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлол иттифоқ афтод.

Вазорати тандурустӣ: молҳои тиббии муҳлати истифодаашон гузашта нобуд карда шуд

Дар оғози шуъюи “вируси корона” дар Тоҷикистон Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов, маъруф ба шифохонаи “Якум Советский”, яке аз шифохонаҳое маҳсуб мешуд, ки ба қабул ва табобати гирифторони ин маризӣ ихтисос ёфта буд.

Барчаспҳо:
барканор, мансабӣ, беморхона, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ