12:19 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1744 0 0

Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон шоми 10 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи 5,2 баллиро ба қайд гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои марказҳои зилзилашиносӣ, маркази заминҷунбӣ дар 150 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар минтақаи Рашт ҷойгир буд.

Заминҷунбӣ соати 7:37 бо вақти маҳаллӣ дар масофаи 22 километрӣ аз маркази Рашт сабт гардида, дар умқи 10-километрӣ аз сатҳи замин рух додааст.

Бархе аз марказҳои зилзилашиносӣ шиддати заминҷунбиро 5,3 бал нишон додаанд.

То ҳол дар бораи хисорот ва пайомадҳои дигари ин заминҷунбӣ иттилое нест.

Ду рӯзи қабл заминҷунбии дигар дар ҳудуди ВМКБ ва манотиқи марзӣ бо Афғонистон сабт шуда буд.

Таъкид шуда буд, ки маркази заминҷунбӣ 41 километр дуртар аз маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳри Хоруғ, ҷойгир будааст.

Барчаспҳо:
заминҷунбӣ, заминларза, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ