19:56 02 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
365 0 0

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои саддарсади нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя - Sputnik. Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба анҷом расид, гуфт роҳбари маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода.

Ба гуфтаи вай, имсол аллакай нақшаи артиш пеш аз муҳлат 100% иҷро шуд.

Комиссариатҳои ҳарбии тамоми вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар бораи шумораи ҷавононе, ки ба хидмат даъват шудаанд, пурра гузориш доданд.

Ҳамзамон, Маҳмадализода афзуд, ки бо вуҷуди пеш аз мӯҳлат иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, комиссияи ҷумҳуриявии даъват ва комиссияҳои дахлдор дар минтақаҳо корро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр Душанбе, минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон, нақшаро пурра иҷро карданд.

Ҳоло вилояти Суғд ба анҷоми пурраи он ҳамроҳ шуд.

Мавсим даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон аз 1 октябр оғоз ёфт ва тибқи ҷадвали муқарраршуда то 30 ноябр идома хоҳад кард.

Вазорат: Нақшаи даъват 89% иҷро шуд, касе аз “облава” шикоят накардааст

Фармони президент дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 моҳи сентябри соли 2020 ба имзо расида буд.

Мавзӯъҳои асосӣ