19:16 01 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.56
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1448 0 0

 Вазорати дифоъи Афғонистон аз кушта шудани Азиз Юлдош, писари Тоҳир Юлдош, асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 12 ноя – Sputnik. Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин", нерӯҳои хоси вазорати дифоъи Афғонистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Азиз Юлдош шаби гузашта дар як амалиёти ҳадафмандона дар соҳаи Кӯтали Бабри деҳаи Ҳоҷӣ Саидгули вулусволии Ғурмочи вилояти Форёб аз сӯи қитъаоти хоси неруҳои амниятӣ кушта шуд.

“Бино ба иттилое, ки аз манобеъи кашфӣ дастрасамон шуд, Ҳикмат ном, ки писари Азиз Юлдош будааст, низ захмӣ шуда, аз маҳалли амалиёт фирор кардааст”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилое, ки қаблан расонаҳо пахш карда буданд, Азиз ё Азизулло ва Ҳикмат ҳарду писари Тоҳир Юлдош, асосгузори Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) мебошанд.

Падарашон соли 2009 дар Вазиристони Шимолии Покистон аз сӯи паҳподҳои бесарнишини амрикоӣ ба ҳалокат расида буд.

Азиз ва Ҳикмат бо иттифоқи Умар Намангонӣ, писари Ҷумъа Намангонӣ, асосгузори дигари ҲИӮ, пас аз оғоз шудани қиссаи гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон, дар шимоли ин кишвар аз худ дарак доданд.

Соли 2015, пас аз он ки ҲИӮ бо ДОИШ байъат кард, хабаре расонаӣ шуд, ки писарони асосгузорони ин созмон дар вулусволии Сайёди вилояти Сарипул марказ гирифта, барои ДОИШ дар ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Самангону Форёб аз миёни ӯзбекҳои муқими Афғонистон сарбозгирӣ мекунанд. Ҳукумати Афғонистон алайҳи онҳо амалиёти густарда ба роҳ андохт ва аз соли 2018 онҳо бедарак шуданд.

Мунир Раҳимӣ, сухангӯи пулиси вилояти Самангон, моҳи ноябри соли 2019 ба Спутник Тоҷикистон гуфта буд, ки Азиз Юлдош ҳоло дар вилояти Кундуз паноҳ бурдааст ва сарнавишти Умар Намангонӣ маълум нест.

Сухангӯи корпуси 209 – и "Шоҳин" мегӯяд, пас аз хатми қиссаи ДОИШ ва комилан саркӯб шудани ин гурӯҳи террористӣ дар шимол Азиз Юлдош бо Толибон байъат карда, таҳти фармондеҳии онҳо алайҳи мардум ва ҳукумати Афғонистон меҷангид.

“Азиз Юлдош дар ноамнӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва куштори ҳамватанони мо дар вилоятҳои шимолӣ, бахусус дар Форёб нақши барҷаста дошт. Аз ин хотир, барои тасбити дақиқи ҷойи ӯ кори зиёд сурат гирифт ва ниҳояш ба сазои аъмолаш расонида шуд”, - гуфт Муҳаммад Ҳаниф Ризоӣ.

Тибқи иттилои вазорати дифоъи Афғонистон, дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 гуруҳи террористӣ, аз қабили ДОИШ, Толибон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, "Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Созмони ҷиҳоди исломӣ”, Таҳрики исломии Туркистони Шарқӣ ва ғайра дар шимоли Афғонистон ҳузур ёфтаанд, ки аксари онҳо атбои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Чин ва Покистон ҳастанд.

Мавзӯъҳои асосӣ