18:58 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
418 0 0

Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ раҳбари шаҳри Кӯлоб, Баҳром Иноятзода идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Прокуратураи давлатии минтақаи Кӯлоб талаб дорад, ки ба раиси собиқи Кӯлоб Баҳром Иноятзода 14 соли зиндон дода шавад, хабар медиҳад “Авеста”.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи додгоҳӣ оид ба парвандаи ҷиноятии зидди Баҳром Иноятзода як рӯз пеш, 12 ноябр баргузор шуд.

Собиқ роҳбари Кӯлоб ба сӯиистифода аз мансаб, фасод, тасарруфи амволи давлатӣ, қаллобӣ, тақсими ғайриқонунии замин, қонунигардонии даромади ҷиноӣ айбдор мешавад.

Инчунин, додситонӣ дархост кардааст, ки ба ронандаи собиқи Иноятзода Хурсандалӣ Хуррамов 12 сол ва ба ёрдамчии мири собиқ Фирӯз Қурбонов, ки ҳамчун шарик дар парвандаи ҷиноятӣ нигоҳ дошта мешаванд, 5 сол дода шавад.

Ёдовар мешавем, ки собиқ раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзода моҳи июни соли равон боздошт шуда буд.

Ӯ пас аз изҳороти эътирофиии ронанда ва муовинаш ба ҳабс гирифта шуд.

Додситони кулл: раиси пешини шаҳри Кӯлоб барои ҷиноятҳои марбут ба замин боздошт шуд

Онҳо ба мақомоти тафтишотӣ гуфтанд, ки бо супориши шахси мансабдор ҷиноят содир кардаанд.

Барчаспҳо:
додситонӣ, додгоҳ, парванда, шаҳрдор, Кӯлоб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ