09:03 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
562 0 0

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борон ва барфи тар меборад.

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Ба иттилои манбаъ, Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф ва дар баландкӯҳҳо барф дар назар аст.

Дар баъзе ноҳияҳо (бо истисно аз вилояти Суғд) боришот (борон, барф) бошиддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон пуршиддат ба амал меояд.

Рӯзҳои 14-15 ноябр дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.

Шабонарӯзи наздик бо сабаби ба амал омадани боришоти шиддатнок дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ба вуҷуд омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест.

Ин ниҳод гуфтааст, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.

Дар ғарби вилоят бошад шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида боришот бошиддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа унук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаминтавр, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда борон ва барф меборад. Дар водиҳо бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон ва барфи тар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4 ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ