13:52 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
191030

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон қарор қабул кардааст, ки фурӯши озоди чиптаҳои ҳавопаймоии хатсайрҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон роҳандозӣ карда шавад

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Дар ин бора Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар дода гуфтааст, ин тасмим бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти шаҳрвандони кишвар ба Ватан гирифта шуда, хабар медиҳад, “Ховар”.

Бино ба иттилои манбаъ, аз санаи 16 ноябр шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд, барои бозгашт аз Русия ба Ватан мустақиман, бе сабти ном дар намояндагиҳои дипломатии кишвар дар шаҳрҳои Россия, чипта харидорӣ намуда, озими Тоҷикистон шаванд.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳои таҳлиявӣ (эвакуатсионӣ) аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Русия (Москва, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск, Сургут) амалӣ карда шуда, фурӯши чиптаҳо дар асоси ҷадвали мувофиқашудаи парвозҳо тавассути нуқтаҳои расмии фурӯш дар шаҳрҳои Россия, ки дар зер оварда мешавад, ба роҳ монда мешавад:

  • ш.Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаи чиптафурӯшии №88, тел: 89295994541;
  • ш.Москва — Фурудгоҳи байналмилалии «Домодедово» хазинаи чиптафурӯшии № 40, тел: 89295994541;
  • Вилояти Москва, ҳавзаи шаҳрии Домодедово, километри 40-ум А-105, бинои 3, меҳмонхонаи Ибис, тел: 84956400451
  • ш.Москва, км. 2-юми Тверская-Ямская, хонаи 40/3, бинои 1 Меҳмонхонаи (гостевой дом) “Тоҷикистон”, тел: 89264550055;
  • ш.Москва, гузаргоҳи Скатертний, хонаи 19, Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ш.Санкт-Петербург — Фурудгоҳи Пулково, тел: 89775205886
  • ш.Санкт-Петербург — Хиёбони Московский, Литер А, хонаи 7, ҳуҷраи 40N, тел: 89775205886;
  • ш.Новосибирск — Фурудгоҳи байналмилалии Новосибирск (Толмачево), тел: 891611335998, 89035120420
  • ш.Екатеринбург — к.Техническая, хонаи 35, тел: 891756811253;
  • ш.Красноярск — Фурудгоҳи байналмилалии Красноярск, тел: 891611335998, 89035120420;
  • ш.Иркутск — шаҳраки Ангарск, маҳаллаи 11, хонаи 19, дафтари кории №4, тел: 891611335998, 89035120420
  • ш. Қазон — Фурудгоҳи Қазон, тел: 89035120420;
  • ш.Уфа — Фурудгоҳи байналмилалии Уфа, тел: 89035120420;
  • ш. Сургут — к. Георгий Кукуевитский 15/1, тел: 89035120420;
  • ш.Краснодар — Фурудгоҳи байналмилалии Краснодар, тел: 89175681253.

Барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Русия минбаъд зиёд карда мешавад ва оид ба нуқтаҳои нави фурӯш маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.

Барои пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки чиптаҳоро танҳо аз нуқтаҳои дар боло қайдшуда, харидорӣ намуда, аз шахсони сеюм ва дигар нуқтаҳо нагиранд, афзудааст, манбаъ.

Арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Русия ба Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Тоҷикистон ба Русия) арзиши чипта коҳиш меёбад.

Горбачёв дар бораи омодагии фурудгоҳҳои Тоҷикистон барои барқарории парвозҳо гуфт

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 тибқи талабот кулли мусофирони ба Тоҷикистон сафардошта бояд, ки талаботҳои синитарию зиддиэпидемикиро риоя намуда, ниқоб ва дастпӯши муҳофизатӣ дошта бошанд. Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои беморӣ доранд ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Мусофирон бояд, ки бо худ маълумотномаи ташхиси тиббии манфии сироят будан аз COVID-19 (PCR-тест)-ро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон дода шудааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд.

Коршинос дурнамои ифтитоҳи парвозҳо байни кишварҳои ИДМ-ро арзёбӣ кард

Ҳамзамон агентии авиатсияи гражданӣ таъкид доштааст, ки дар сурати мавҷудияти ҳолатҳои фурӯши чипта бо нархи барзиёд шаҳрвандон имкон доранд ба намояндигоҳои онҳо муроҷиат намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ