20:35 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Нерӯҳои амниятии Афғонистон тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул, пойтахти ин кишварро дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Ба гузориши ИРНА, Амруллоҳ Солеҳ, муовини раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, Одил, фарзанди Муҳаммадориф тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул дастгир шуда ва ба ҷурми худ эътироф кардааст.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, Одил то курси сеюм дар Донишкадаи илоҳиёти Кобул таҳсил карда ва баъд аз он ҷазби гурӯҳи террористии Ҳаққонй шуда ва силоҳро аз ин гурӯҳ бадаст оварда буд.

Муовини раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, Одил дар бозҷӯиҳо гуфтааст, ки дастур доштааст то ба донишгоҳҳо, марокизи омӯзишӣ ва дигар аҳдофи ғайринизомӣ ҳамла кунад то давлати Афғонистон таҳти фишор қарор гирад.

Ҳудуди ду ҳафта пеш дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд, ки аксари кушта ва захмиҳои ин ҳамла аз донишҷӯён буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ