09:19 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
486 0 0

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти сокини шаҳри Гулистон хабар медиҳанд, ки дар латукӯби ҳамсари худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҷавони 23 - сола ҳамсари 25 - солаи худро кӯфта ба саломатии ӯ зарри ҷиддӣ расонд.

Манбаъ меафзояд, номбурда рӯзи 6 ноябр, тахминан соати 11:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсари ҷавонаш зани 25 - сола, ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.

Қатъи парвандаи ҷиноӣ алайҳи духтаре, ки ду ҷавонро барои бадгӯӣ дар Намангон латукӯб кард

Сипас ҷавон ҳамсари худро аз зери каш бардошта ба рӯи замин задааст, ки дар натиҷа охирон бо қисмати гардан ба замин афтида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, мувофиқи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.

Феълан нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Гулистон, ҳамсар, латукӯб, парванда

Мавзӯъҳои асосӣ