20:37 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
39611

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сатҳи дониши англисӣ аз сад ҷои имконпазир садумро гирифт, аммо аз ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ чандон қафо намонд

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Тоҷикистон дар зинаи охирини раддабандии EF Index Proficiency Index (EF EPI) 2020 қарор дорад.

Дар маҷмӯъ, рейтинг 100 кишварро дар бар мегирад, ки ҷойҳо дар байни онҳо аз рӯи натиҷаҳои санҷиши зиёда аз 2 миллион нафар одамони синнашон аз 18 боло тақсим карда шудаанд.

Ҳамзамон, якҷоя бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистону  Қазоқистон ба категорияи "Сатҳи хеле паст" шомил карда шудаанд.

Дар Туркманистон ягон омӯзиш гузаронида нашудааст.

Гузоришгарон ба сегонаи беҳтаринҳои аввал, ки  дониши беҳтарини забони англисӣ нишон додаанд, Ҳолланд, Дания ва Финландияро шомил кардаанд.

Русия дар ин рейтинг ба зинаи 41-ум баромадааст.

Тоҷикистон ба даҳгона кишварҳои амн ворид шуд

Тибқи ин таҳқиқот гуфта мешавад, сатҳи миёнаи дониши англисӣ дар саросари ҷаҳон беҳтар шуда истодааст.

Барчаспҳо:
омӯзгори забони англисӣ, рейтинг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ