Ҳушдори КҲФ аз сардиҳои шадиду боридани барф давоми се рӯзи оянда ва тавсия ба ронандагон

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкМорозное утро
Морозное утро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки сар аз имрӯз то 21-уми ноябр бориши барф ва сардиҳои шадид дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, тайи ин рӯзҳо шамол дар як сония 17-22 метр вазида, дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 дараҷа сард хоҳад буд.

Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
То -20 дараҷа сардӣ ва барф: пешгӯии ҳавошиносон барои ҳафтаи нав

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки  бинобар вазиши сахти бод ва бориши барфи тар хароб шудани хатҳои барқ, эҳтимоли афтидани дарахтон, вайрон шудан ва ба замин задани пояҳои сустниҳоди рекломҳо вуҷуд дорад ва аз ҳамин лиҳол аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки ҳангоми истифодаи асбобҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд.

Кумита ба ронандагон гуфтааст, ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд ва ҳамзмон тавсияҳое низ додааст.

Ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо қасди сафар доранд, Кумита тавсия додааст, ки  мошини худро тафтиш кунанд, то нуқсе надошта бошад ва батареяи акумляторро иваз  кунанд

“ Чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои боркаши калонро бо занҷирҳои зидди яхбандӣ таъмин намоед, вақте мехоҳед ба сафар бароед, худро омодаи ҳар гуна офатҳо дар роҳҳоӣ куҳӣ кунед”,-афзудааст манбаъ.

Ҳамзамон дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред ва  дорухонаи мошинатонро нав кунед.

Пешгӯии ҳавошиносон барои зимистони оянда дар Русия

Ин ниҳод ҳамзамон гуфтааст, ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед ва агар натавонистед мошинатонро ба зимистон омода созед ва ё ин гуна имкон надоред, пас хуб мешуд аз сафарҳо худдорӣ варзед.

Лентаи хабарҳо
0