03:37 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
172601

Дар Петербург се ноболиғи мутаваллиди соли 2004 боздошт шуданд, ки дар латукӯби муҳоҷирон аз Тоҷикистон муттаҳамдониста мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Муҳоҷирони тоҷикро дар шаҳри Санкт - Петербург се авони 16 - сола мавриди латукӯб қарор доданд, хабар медиҳад котиботи Кумитаи тафтишотии ин шаҳр.

Ба иттилои манбаъ, ҳамла ба муҳоҷирони тоҷик рӯзи 22 октябр сурат гирифт.

Роҳзанон шаҳрвандони Тоҷикистонро дар хиёбони Трамвай назди як бинои истиқоматӣ вохӯрда, ба онҳо дарафтоданд. 

Гуфта мешавад, ноболиғон аз муҳоҷирон пул тамаъ мекарданд ва барои ба даст овардани маблағи муфт онҳоро бо балони газ шадидан кӯфтанд.

Дипломатҳои тоҷику рус қазияи лату кӯби муҳоҷирон дар Маскавро баррасӣ карданд

Манбаъ меафзояд, ҳоло ҳар се ноболиғ боздошт шуда, тадбиқ шудани ҷазои сазовор барои ин амали нангини онҳо баррасӣ мешавад.

Таъкид мешавад, ки алайҳи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 162 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия оғоз гардидааст.

Барчаспҳо:
Санкт-Петербург, латукӯб, тоҷик, муҳоҷирон

Мавзӯъҳои асосӣ