04:13 04 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
68101

Саидқул Сабзаев, профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллӣ ва ректори вақти Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа дар синни 73-солагӣ даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik.  Дар бораи даргузашти, профессор Саидқул Сабзаев Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултаи журналистикаи ДМТ ва як аз шогирдони ӯ дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ ва ҷанозаи марҳур имрӯз соати 10-00, дар Душанбе, назди хонааш - тарабхонаи Хаймаи Хайём баргузор мешавад.

Сабаби аз чӣ беморӣ фавтидани проффесор чизе гуфта нашудааст.

Забоншинос, шоир, драматург, доктори илмҳои филологӣ, Саидқул Сабзаев 31 декабри соли 1947, деҳаи Лархобӣ, ноҳияи Восеъ ба дунё омада, Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулобро хатм кардааст (1968).

Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулоб аз омӯзгорӣ то мудири кафедра расида, баъдан декани факултети филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа (1993-1998) мегардад.

Ӯ ҳамзамон дар вазифаҳои Муовини мудири шуъбаи тарҷума, таҳия ва нашри асноди қонунгузории Маҷлиси Олии ҶТ (1999), мудири шӯъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1999- 2000) кор кардааст.

Аз соли 2000 то 2004 ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав буда, баъдан дар вазифаи сарэксперти Департаменти давлатии аттестатсионии назди Вазорати маорифи кишвар кор кардааст.

 Марҳум аз соли 2005 то 2010 дар вазифаҳои декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мудири шуъбаи таълими забон ва адабиёти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ҳамин донишгоҳ кор карда, тайи даҳ соли ахир профессори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

"То дирӯз сари кор буд": даргузашти нобаҳангоми профессор Муҳаммадқул Ҳазратқулов

 Ӯ дорандаи унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2001), Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001) буда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2000) мебошад.

Пажуҳиш ва эҷодиёти Саидқул Сабзаев

Гуфта мешавад, самтҳои асосии пажӯҳиши Саидқул Сабзаев омӯзиши луғоти осори насри тасаввуфии форс-тоҷик (асрҳои 11-12), забон ва услуби шоирони маорифпарвари садаи XIX, таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ буда, зиёда аз 90 асари илмӣ, рисолаҳо, мақола ва дастурҳои таълимиву методӣ навиштааст.

“Исёни Таҳмина “ (1993), “Ҳазрати Амирҷон”(1995)  аз эҷоди драматургии Сабзаев буда, дар театрҳои шаҳри Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа намош дода шудааст.

Даргузашти профессор Саидмир Шомансуров дар синни 69-солагӣ

Маҷмӯаҳои ашъораш бошад таҳти унвони “Хати роҳ” (2001), “Садафи меҳр” (2003), “Нони модарам” (2006), “Саошианта” (драмаи манзум) (2006), “Қиблаи фарзанд” (2008), “Хоки намозӣ” (2011) ба табъ расидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ