Баҳси лафзии ду ҷавон дар назди бозори Саховат ба ҳабси онҳо анҷомид - навор

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навори дашномдиҳии ду ҷавон дар мобайни роҳ, аз кормандони пулис даъват намуданд, ки алайҳи онҳо чораҷӯӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Муноқишаи лафзии ду ҷавонмард дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда, унвонии кормандони пулис ирсол гардид.

Котиботи Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли ин навор аз онҳо дархост карданд, алайҳи нафароне, ки тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Нож в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дашноми қабеҳ доду дар қафаси синааш корд зад: авбошӣ дар Душанбе

Дар навор маълум аст, ду ҷавоне, ки ҳамдигарро ҳақорату дашном мезананд, аз ҷониби корманди милиса боздошт ва ба идораи пулис оварда шуданд.

Манбаъ меафзояд, ин ду ҷавон дар рӯ ба рӯи бозори Саховат, бар асари як баҳси лафзӣ ҳамдигарро ҳақорату дашном заданд.

Боздоштшудаҳо Камолов Умеди 22-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Рамазони Бозори 20-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд.

РВУД мегӯяд, нисбати ҳарду дастгиршудагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ, Камолов Умед ва Рамазони Бозор ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0