16:18 30 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.48
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
694 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се мард хабар медиҳад, ки аз марди дигар бо роҳи таҳдиди забонашро буридан 2000 сомонӣ гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар ин бора ҷабрдида ба марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо аризаи муроҷиат кардааст.

 Тиқи иттилои манбаъ,  санаи 10-уми ноябри соли 2020, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Варзоби ш.Душанбе қарор доштанаш, шахсони номаълум бо лезвияи дафтардорӣ (канселярӣ) таҳдиди забонашро буридан карда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 2000-сомониро тасарруф намуда, ғайб задаанд. 

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 3 нафар марди 28, 30 ва 31-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Душанбе, ки як нафари онҳо пеш бо моддаи 318 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.

Ҷавоне, ки мӯй ва дасти духтари 18-соларо буриду таҳдиди куштан кад, боздошт шуд

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
тамаъҷӯӣ, сомонӣ, Ҳамадонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ