23:10 24 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 13- сола, ки дар мошинрабоӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон писарбачаи боздоштшуда сокини ноҳияи Рӯдакии пойтахт буда ҳамагӣ 13- сол доштааст. Ӯ хонандаи синфи 7-уми МТМУ будааст. 

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 24- солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт муроҷиат кардааст.

Ӯ ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли равон, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш “Мерседес-Бенс”-ро ғайриқонунӣ ронда бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, зарари расонидашуда 45 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта шудааст, ки ҳангоми амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Барчаспҳо:
пойтахт, гумонбар, ноболиғ, рабудан, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ