21:45 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
523 0 0

Шаҳрдори нави Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, дуввумин рӯзи кории худро бо боздиду шиносоӣ ва санҷиши раванди корҳои сохтмониву омӯзиши мушкилоти иҷтимоии сокинони ҷамоат ва вохӯриву мулоқотҳо бо мардуми деҳоти Ворух гузаронидааст

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешавев, Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот гуфтааст, Ворух мариди таваҷҷуҳи махсуси раҳбарияти кишвар аст.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни мулоқот бо сокинон гуфтааст, барои расидагӣ ба мушкилоти мардуми минтақа дар навбати худ гуфтааст, минбаъд ӯ як рӯзи ҳафтаи кории худро дар Ворух хоҳад гузаронид.

Ҳамзамон зимни мулоқот мардум ва шаҳрдор пиромуни масъалаҳои муҳими аҳамияти сиёсию стратегидоштае чун бунёди роҳи мустақими Ворух, ҳалли масъалаи чарогоҳ, пешгирии ҳолатҳои номатлуби рабуда шудани чорвои мардум аз ҷониби ҳамсоягон, баргардонидани чорвои қабалан рабудашуда гуфтугӯ кардааст.

Таъмиру азнавсозии қитъаҳои муайяни ноободи роҳи Исфара-Ворух, ҳуҷҷатгузории қитъаи азнавсозишудаистодаи кӯчаи ҳамшафати кӯдакистони деҳа, бунёди корхоҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳа, баланд бардоштани масъулияти роҳбарони корхонаю ташкилотҳои шаҳрӣ ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли саривақтии арзу муроҷиатҳои ворухиён, таъсис бахши идораи нотариалӣ дар деҳаи Ворух бо мақсади хотима додани сарсониҳои мардум ба марказ низ аз масоили гуфтугӯи шаҳрдор бо сокинон будааст.

Аз оҳангарию боғдорӣ то оши девзираи Исфара: филми “Чоркӯҳ” намоиш дода шуд

Манбаъ мегӯяд, азбаски  Баҳоваддин Баҳодурзода қаблан дар вазифаи муовнии раиси вилоят буду бо вазъи ин минтақа огоҳ аст, ворухиён умед доранд ба мукилоташон расидагӣ мекунад.

Минтақаҳои Ворух ва Чоркӯҳи Исфараи Тоҷикистон дар марз бо Қирғистон қарор дорад, ки аз ҳисоби заминҳои тақсимношуда сари ҷанд муддат ихтилофоте сар мезанад ва ҳатто кор то тиркушоӣ мерасад.

Об, роҳ, замин: мушкилоте, ки сокинони Чоркӯҳ аз Аҳмадзода тақозои ҳаллашро мекунанд

Ихтилофҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз аз солҳои 70 – 80–и асри гузашта идома дорад. Ду кишвар дар ҳоли ҳозир комиссияеро барои таъйин ва аломатгузории марзҳо эъзом кардаанд.

Барчаспҳо:
мулоқот, раис, Ворух, Исфара, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ