Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

© сомонаи РВКДШералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд
Шералӣ Кенҷаев, ҷавоне, ки барои бадрафторӣ нисбат ба шоира Адибаи Азиз боздошт шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини пойтахтро барои дағалгуфторӣ ва суханҳои қабеҳ ба шоира Адибаи Азиз боздошт ва ҳабс кардааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Шералӣ Кенҷаев дар пайи шикояти Адибаи Азиз боздошт шудааст.

Ҳайдаров Илҳом, соҳибмулки қаҳвахона Ҷокер - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер", ки ҷавонзанро ҳақорат карду кӯфт, боздошт шуд - навор

Ба иттилои манбаъ, шоира ба РВКД шикоят бурдас ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел” санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Дар пайи ин шикоят маъмурини пулис , Шералӣ Кенҷаевро боздошт кардаанд, ки қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”,-афзудааст манбаъ.

Худи шоира Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд.

Дар пеши зану фарзандаш ҳақорат кард! Боздошту ҳабс ва парвандаи ҷиноятӣ барои таҳқир

"Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0