03:14 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
589 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як зани 30-солаи и ноҳияи Данғара худро захмӣ кардаву барои пинҳон кардани кирдораш, ба маъмурини пулис гуфтааст, ки шахсони ниқобпӯш ин корро кардаанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ин зан ба ШВКД дар ноҳияи Данғара ариза додааст, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:30-дақиқа, шахси номаълуми ниқобпӯш бо мақсади дуздӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, ҳангоми бо ӯ рӯ ба рӯ шудан бо воситаи корд 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 30-юми ноябри соли ҷорӣ, тахминан соати 23:00, зани номбурда бо модараш муноқиша карда, баъдан бо мақсади худкушӣ ба ҳуҷраи хобаш даромада, бо корди ошхонагӣ 1 маротиба ба тарафи рости шикамаш задааст.

Даҳшат: сокини Ёвон модари се фарзандашро корд зада кушт

“Номбурда барои пинҳон кардани кирдори содиркардааш ба кормандони милитсия аризаи бардурӯғ пешниҳод намудааст, ки зарари ҷисмонии гирифтааш аз тарафи шахси номаълуми ниқобпӯш расонда шудааст”,-афзудааст, манбаъ.

Ҳасибфурӯш роҳгузарро корд заду додарзода амакро: парванда алайҳи ду тан дар Хуҷанду Норак

ВУД мегӯяд, далели шайъӣ 1 адад корди ошхонагӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Барчаспҳо:
ариза, захмӣ, кор, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ