06:09 23 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
157601

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Душанбе аз боздошти як ҷавондутар хабар медиҳад, ки модарашро кор зада, захмӣ кардаст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ин ниҳод ҳодисаи кордзании зани 50-соларо аз сӯи духтараш дар пайи муроҷиати видеоии ӯ ошкор кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 24-уми ноябри соли ҷорӣ, бар асари як нофаҳмии оилавӣ, Азизова Моҳираи 50 - сола, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Зарафшонро духтари 32-солааш Азизова Хосият дар манзили истиқоматиашон бо корди хоҷагидорӣ зарба зада ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ҳодиса Азизова Моҳира ба беморхона дастрас ва бистарӣ карда шуда, баҳри табобат чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Ёдовар мешавем, навори муроҷиати ин зан оид ба захмӣ шуданаш аз сӯи духтараш чандест дар интернет чарх мезанад ва мавриди вокуниши шадиди корбарон қарор гирифтааст.

Дар навор ҷабрдида мегӯяд ду духтаронаш нақшаи куштори ӯро доштанду хонаашро гирифтанӣ буданд.

Боздошти келини 21-солаи хона, ки хусурро ғорат карду ду “Лексус” ва як “Киа” харид-видео

Вобаста ба ҳолати мазкур РВКД ба таври расмӣ гуфтааст, ки нисбати шаҳрванд Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт ҷараён дорад.

Барчаспҳо:
навор, боздошт, ВУД ҶТ

Мавзӯъҳои асосӣ