03:59 17 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.70
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
496 0 0

Давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии Суғд 10, 5 ҳазор ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 3 дек – Sputnik. Ин шумора назар ба ин давраи соли гузашта 1294 маврид ё ба андозаи 11, 2 % бештар аст.

Фараҳманд Нарзизода, як масъули Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори маргу мирро шарҳ дода гуфт, ки давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 537 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

“Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1294 ҳолат бештар аст. Дар даҳ моҳи соли 2019, аз ҷониби шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру навоҳии Суғд 9243 ҳолати вафот ба қайд гирифта шуда буд”,- изҳор намуд Нарзизода.

Омори фавт дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 233, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 209 ва шаҳри Истаравшан 200, ҳолат зиёд рақам зада мешавад.

Ба фарқ аз дигар шаҳру навоҳии Суғд, дар шаҳрҳои Конибодом ва Гулистон шумори фавт дар ин давра камтар шудааст.

Бино ба иттилоъи манбаъ, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом 887 ҳолати вафот ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам назар ба ин давраи соли гузашта 57 маврид кам шумурда мешавад.

Инчунин дар шаҳри Гулистон 155 ҳолати вафот ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба ин давраи соли ҷорӣ 9 ҳолати фавт кам гуфта мешавад.

Фараҳманд Нарзизода зикр кард, ки давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар Суғд 50 ҳазору 820 таваллуди кудак сабт шудааст, ки ин омор назар ба соли қаблӣ 837 ҳолат зиёд аст.

Вазорат гуфт, дар Тоҷикистон таваллуд каму фавт зиёд шуд

Омори таваллуд дар шаҳри Хуҷанд 204, дар шаҳри Конибодом 124 ва дар ноҳияи Масчтоҳ 74 маврид назар ба соли қаблӣ кам шудааст.

Барчаспҳо:
афзоиш, омор, фавт, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ