Дастури Рустами Эмомалӣ ба масъулин барои пешниҳоди рӯйхати дақиқи ҷавонони синни хизмат

© Сайт мэрии ДушанбеМэр города Душанбе Рустам Эмомали
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки барои даъвати баҳории наваскарон омодагии муташаккилона бо ҷалби муассисаҳои таълимӣ то раисони маҳаллаҳо амалӣ карда шавад

ДУШАНБЕ,  9 дек — Sputnik.  Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ дар даъвати баҳории соли 2021 шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1994 - 2003 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии шаҳрдорӣ.

Начинающий водитель во время практических занятий в автошколе - Sputnik Тоҷикистон
Шаҳодатномаи ронандагӣ – василаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар Кӯлоб

Шаҳрдор раисони навоҳии Душанбе, раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии пойтахтро муваззаф кардааст, ки омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд ва ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 10 марти соли 2021 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд

“Даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешида, тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд”, - омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Генерал Навҷувонов писар ва ду ҷиянашро ба аскарӣ фиристод. Дигарон чӣ?

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин гуфтааст, ки барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд.

Бар пояи қарори мазкур, раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд, ки  бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати пурраи ҷавонписарони синни даъватиро дар муҳлати кӯтоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ дар ҳолест, ки муҳлати даъвати тирамоҳии наваскарон 9 рӯз пеш анҷом шуд.

Лентаи хабарҳо
0