КҲФ сабаби сӯхтор дар манзили сокини Турсунзодаро муайян кард

© Sputnik / Сергей Аверин / Гузариш ба медиабонкПожарные, архивное фото
Пожарные, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Хушбахтона сӯхторе, ки дар манзили як сокини деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода рух дод, талафоти ҷонӣ дар пай надошт

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бегоҳии 9 декабр, дар хонаи сокини деҳаи Саттори ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода Юсуфалӣ Сафаров сӯхтор ба амал омад.

Пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

ВУД сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор дар Панҷакентро гуфт

Гуфта мешавад, ки ба ҷои ҳодиса, афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Турсунзода сафарбар гардида, якҷо бо сокинони деҳа оташро хомӯш карданд.

КҲФ сабаби сӯхтор дар манзили сокини Турсунзодаро гуфт.

"Сабабаи сар задани сӯхтор ин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи бухорӣ будааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва касе ҷароҳат ҳам набардоштааст.

Сӯхтор дар кӯдакистони қадимии шаҳри Бохтар

Дар айни замон ҳаҷми зарари расида аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки пештар дар манзили истиқоматии шаҳрванд Миспоҳов Исматулло, сокини 31-солаи шаҳри Панҷакент низ сӯхтор рух дода буд.

ВУД сабаби сар задани сӯхторро беназорат гузоштани гармкунаки барқии равғанӣ хонда, гунаҳкори ҳодисаро иҷорагири манзили истиқоматӣ Сайфиев Фазлиддин, сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Фароб ном бурд.

Зарари расондаи сӯхтор 20 ҳазору 270 сомонӣ арзёбӣ шуд

Лентаи хабарҳо
0