02:11 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
660 0 0

Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд нисбати як ҷавони 26 - сола парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нафари гумонбаршуда, бо роҳи фиреб шаш ҳазор доллари як занро гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Акбар Шарифӣ, масъули матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар шарҳи ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нафари гумонбаршуда сокини шаҳри Хуҷанд буда, бо роҳи фиреб ба боварии як ҷавонзан даромада, барои ба донишгоҳ дохил намудани фарзандаш 6 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, кори ваъдагиро иҷро накардааст.

"Гумонбаршаванда сокини 26 - солаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки кори ваъдагиашро буд накарда, маблағи занро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст", - гуфт Шарифӣ.

Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон бар ивази гирифтани шаш ҳазор доллар занро ҳанӯз аз соли 2017 умедвор кардааст, ки писарашро ба донишгоҳи кишвари Чин дохил мекунад, аммо бо гузашти се сол аз уҳдаи кори ваъдакардааш набаромада, маблағро низ ба соҳибаш бозпас нагардондааст.

РВКД - и Суғд мегӯяд, оиди ин ҳолат нисбати дастгиршуда бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ ба миқдори махусан калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Боздошти директори ширкати сохтмонии “Муҳаммадҷон 2011” барои қаллобӣ ва сохтакорӣ

Зикр мегардад, ки дар сурати барқарор накардани зарари расонидашуда,  ҷавонро ҳабс аз 5 то 12 сол интизор аст.

Бино ба омори РВКД Суғд дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят беш аз 600 ҷинояти қаллобӣ содир шудааст.

Барчаспҳо:
ҷавон, парванда, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ