20:39 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1165 0 0

Корманди ҶСП “Бонки Арванд” дар шаҳри Хуҷанд барои нигоҳ доштани силоҳ гунаҳгор дониста шуда, бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати ду сол равонаи зиндон гардид

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Махсуд Юнусов, сардори шуъбаи муҳофиза ва инкосатсияи ҶСП “Бонки Арванд” дар шаҳри Хуҷанд, барои содир намудани ҷиноят бо моддаи 195 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ…) гунаҳкор ва бо ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати ду сол равонаи зиндон гардид, иттилоъ додааст сомонаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”.

Манбай қайд кардааст, ки тафтишот муайян кард, ки номбурда қаблан бо ҳукми суди вилояти Суғд барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 13 сол маҳкум гардида, соли 2010 шартан пеш аз муҳлат аз адои боқимондаи ҷазо озод шудааст.

Гуфта шудааст, ки Махсуд Юнусов то лаҳзаи дастгир шуданаш ҳамчун сардори шуъбаи муҳофиза ва инкасатсияи ҶСК “Бонки Арванд” фаъолият карда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт ба муомилоти ғайриқонунии силоҳи оташфишон машғул гардида, бо “Ҳамид” ном шахс, ки шахсияташ дар тафтишоти пешакӣ муайян нашуд, дар назди мағозаи “Авесто”- и шаҳри Хуҷанд вохӯрда, барои амалигардонии мақсади ҷинояткоронаи худ аз ӯ як адад тапончаи тамғаи “Макаров”, бо як тирдон ва садохомӯшкунак бар хилофи қонунгузории кишвар бо мақсади дар оянда ба каси дигар додан гирифта, онро то утоқи кориаш интиқол дода, ғайриқонунӣ нигоҳ доштааст.

“Сипас, дар ҳуҷраи корӣ бо харидори шартӣ бо номи “Фаррух”, ки баҳри амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони фаврии шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Суғд ҷалб шуда будааст, вохӯрда, силоҳи оташфишонро ба ивази 27 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ мефурӯшад”. - таъкид доштааст манбаъ

Зикр шудааст, ки харидори шартӣ силоҳро ба мақомоти милитсия пешниҳод намуда, аз тарафи кормандони фаврӣ бо тартиби қонунгузорӣ гирифта мешавад.

Барчаспҳо:
корманд, Хуҷанд, зиндон, силоҳ, Бонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ