07:01 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
153901

Мубинҷон Аҳмадов, паҳлавони тоҷик, ки соли равон дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштии юнониву румӣ дар Ҳинд медали биринҷӣ гирифт, дар шаҳри Хуҷанд корд хӯрдааст

ДУШАНБЕ 14 дек - Sputnik. Мубинҷон Аҳмадови 24-сола бо захми корд дар бемористони Хуҷанд бистарӣ шудааст. Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи кордзанӣ 6-уми декабр дар боғи "Ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд рух дода, мақомоти милиса гумонбаронро боздошт намудааст.

Манбаъ афзуд, кормандони милиса муайян кардаанд, ки ҷавони 21 ва ноболиғи 15-солаи сокинони шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи боғи фароғатии "Ғалаба", воқеъ дар маҳаллаи 18-уми шаҳри мазкур бо ду ҷавони 24-солаи сокинони ҳамин шаҳр ҷанҷолу занозанӣ кардаанд.

"Сипас ноболиғи 15-сола бо корд 1 маротиба ба шиками ҷавони 24-сола задааст. Баъдан, шахси ба тафтишот номаълум ба ҷанҷоли онҳо ҳамроҳ шуда, бо корд ба бадани ҷавони дигари 24-сола зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст", - таъкид доштааст манбаъ.

Муноқишаи шабонаи ноболиғону ҷавонон дар Хуҷанд: ду ҷавони 24-сола бо корд захмӣ шуд

Манбаъ зикр намудааст, ки дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мубинҷон Аҳмадов гуштигири шинохтаи кишвар аз намуди юнониву румӣ мебоист аз 12 то 17-уми декабр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Белгради Сербистон иштирок мекард.

Ӯ моҳи феврали имсол дар вазни 63 кило дар қаҳрамонии Осиё дар риштаи куштии юнониву румӣ дар Ҳинд медали биринҷӣ гирифт,

Барчаспҳо:
ҷароҳат, кордзанӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ