14:29 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
145120

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти Зокиров Абдувоҷид Абдуҳамидовичи 3-30-сола сокини шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад, ки барои нишон додани ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ҷавонзане муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҷавонзани сокини пойтахт, бо ирсоли наворе аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намудааст, ки нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра” рақами транзитиаш 02 Т 8220к, чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Чунки номбурда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, рӯ ба рӯи корхонаи нассоҷӣ ба ҳаракати мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, дар чандин маврид ҳолати садамавӣ ба вуҷуд овардааст.

 “Дар ин лаҳза муроҷиаткунанда бо телефони мобилиаш кирдорҳои зиддиҷамъиятии ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Астра”-ро сабт карданӣ мешавад, ки дар ҷавоб ронанда нисбати ҷавонзан ҳаракатҳои бадахлоқона нишон дода, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад”,-афзудааст, манбаъ.

"Чашми кӯдакам варам кард": ҷаримабандии ронандае, ки мусофирон аз ӯ шикоят карданд -навор

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи санҷиш Зокиров Абдувоҷид Абдуҳамидович боздошт шуда, зимни таҳқиқи ҳодиса номбурда тасдиқ намуд, ки ба мусофиркашонии ғайриқонунӣ машғул шуда, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ аз сабаби саросемагӣ ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт халал ворид намуда, ҷавонзанро дашному ҳақорат ва мавриди озор қарор додааст.

Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видео

Манбаъ мегӯяд, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба боздоштшуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7-нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ татбиқ карда шуд.

Барчаспҳо:
ҷарима, боздошт, РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ