14:30 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
359 0 0

Дар ҷаласаи охирини Вазорати нақлиёт татбиқи ду лоиҳаи калон оид ба рушди роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Дар ҷаласаи Шӯрои илмӣ-техникӣ, ки таҳти раёсати вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки марказҳои татбиқи лоиҳа ва таҷдиди роҳҳо, пудратчиён ва шарикони рушд, ду лоиҳаи асосии сохтмон ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла дар ҷаласа, марҳилаи дуюми лоиҳаи "Барқарорсозии шоҳроҳи Душанбе-Бохтар" ва лоиҳаи "Сохтмони долонҳои тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чанак" баррасӣ шуданд.

Азим Иброҳим ҳисоботи шахсони масъулро оид ба ҷараёни кор дар ин хатсайрҳо шунид.

Вазири нақлиёти кишвар аз мутассадиён иҷрои корҳоро талаб намуда, зикр кардааст, ки масъалаи сохтмони роҳу пулҳо ва инфрасохтори роҳҳо ҳамеша зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт қарор дошта, масъулинро зарур аст ба ин кор аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Бовиҷдон бошед: Азим Иброҳим роҳдоронро гуфт, маблағҳоро эҳтиёт кунанд

Ҳамзамон Вазири нақлиёт ҷараёни татбиқ ва иҷрои корҳо дар лоиҳаҳоро аз шахсони  мутасаддӣ пурсон гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини иҷрои саривақтию босифати корҳои таҷдиду сохтмонӣ ба роҳбарони лоиҳаҳои инчунин ба  паймонкорон ва машваратчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавзӯъҳои асосӣ