Ҳушдори Бонки Ҷаҳонӣ аз афзоиши эҳтимолии ифротгароӣ дар Тоҷикистон

CC BY 3.0 / Bruno Sanchez-Andrade Nuño / World BankЗдание Всемирного банка, архивное фото
Здание Всемирного банка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бино ба иттилои Бонки Умумиҷаҳонӣ, бинобар баста шудани марзҳо ҳангоми пандемия, ҳазорҳо муҳоҷирон аз Тоҷикистон наметавонистанд барои кор ба Русия раванд ва ин метавонад боиси хушунат ва ифротгароӣ дар замони пандемия гардад

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Тоҷикистон метавонад ба афзоиши шаклҳои зӯроварии экстремизм ва табъизи гендерӣ дучор шавад, омадааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, "Тоҷикистон: Мубориза бо ифротгароӣ дар авҷи пандемияи COVID-19".

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон аз таъсири COVID-19 ба иқтисод гуфту болоравии хатари терроризмро таъкид кард

Дар ин санад қайд мешавад, ки бинобар баста шудани марзҳо ҳангоми пандемияи коронавирус, ҳазорон муҳоҷирон аз Тоҷикистон натавонистанд барои кор ба Русия раванд.

Чунин вазъ метавонад рӯҳафтодагиро дар байни аҳолӣ шадидтар кунад ва дар натиҷа боиси афзоиши ифротгароӣ гардад, мегӯяд Бонки Ҷаҳонӣ.

Ҳамчун як чораи пешгирикунанда, таҳлилгарон пешниҳод мекунанд, ки дар Тоҷикистон як барномаи пешгирӣ барои ҷавононе, ки ҳанӯз ифротгаро нестанд, аммо дар шустушӯи мағз осебпазиранд, таҳия шавад.

Барнома аз маҷмӯи лоиҳаҳои махсуси омӯзишӣ, кӯмаки равонӣ ва иҷтимоӣ, имкониятҳои тиҷорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ иборат хоҳад буд.

Ғайр аз он, Бонки Ҷаҳонӣ ба аҳамияти ҷорӣ кардани як барнома барои онҳое, ки экстремист шудаанд ва барои ҷалбу тағйир додани ақида ва идеологияи онҳо нигаронида шуда бошад, таъкид кардааст.

Раҳмон: мо бо нигаронӣ вазъи Афғонистонро пайгирӣ мекунем - навор

Таҳлилгарон инчунин пешниҳод мекунанд, ки барномаи таҳкими ҳамкорӣ ва эътимод байни мақомоти Тоҷикистон, пулис ва ҷомеа роҳандозӣ карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0