00:52 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
2642 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Азамҷон Зиёдуллоеви 18- сола ва як ноболиғ хонандаи синфи 11 хабар медиҳад, ки дар қатли бераҳмонаи як ронанда муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Бино ба гузориши телевизионии ин ниҳод, номбурдагон сокинони шаҳри Турсунзода буда, аз ҷониби кормандони шуъбаи пулиси гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисор боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, гумонбарон барои ба даст овардани маблағи пулӣ бо маслиҳати пешакӣ ба чунин кор даст задаанд.

Аз рӯи нишондоди гумонбарон, онҳо ронандаи автомашинаи тамға “Тико”  Шукуров Маҳмадраҷаби 38-соларо, ки ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул буд, киро карда, пас аз расидан ба макони беодам аз қафо бо сим ӯро буғӣ намудаанд, ҳамзамон бо корд низ задаанд, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.

Худи гумонбар Азамҷон Зиёдуллоев низ зимни бозпурсӣ тасдиқ кард, ки бо рафиқи ноболиғаш пас аз буғи кардан чанд корд задаю ҷасадашро дар хамии канори роҳ партофтаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон пас аз ҳодиса 220 сомонӣ ва телефони марҳумро гирифт бо худрави ӯ аз ҷойи ходиса ғайб мезананд.

Манбаъ мегӯяд, кормандони пулис дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ ҳамчун далели шайъӣ телефон ва худрави марҳумро дарёфт кардаву гумонбаронро боздошт намуданд.

Вазорат мегӯяд, вобаста ба ҳолати ҷойдошта аз ҷониби додситонии шаҳри Турсунзода парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

 

 

 

Барчаспҳо:
куштор, ноболиғ, ҷавон, боздошт, Турсунзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ