21:40 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Тафтишот муайян кард, ки моҳи майи соли гузашта маҳкумшуда ба маблағи 200 ҳазор танга ришва гирифтааст. Ҳукмро додгоҳи низомӣ баровардааст

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Сардори собиқи раёсати кадрҳо ва таълими ҳарбии Вазорати дифоъ барои ришваситонӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуд, менависад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Хадамоти мубориза бо фасод.

"Муқаррар карда шуд, ки маҳкумшуда моҳи майи соли 2019 барои таъин шудан ба вазифаи афсарӣ дар Донишкадаи ҳарбии нерӯҳои дифоъи зиддиҳавоии Бигелдинов дар Актобе ба маблағи 200 ҳазор танга (беш аз 520 доллар бо қурби онвақта) пора гирифтааст", - гуфтанд дар шӯъба.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Акмола генерал-майор ба муддати панҷ сол аз озодӣ маҳрум карда шуда, аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хидмати давлатӣ маҳрум  шудааст.

Ғайр аз ин, суд ба Президенти Қазоқистон дар бораи маҳрум кардан аз рутбаи низомии маҳкумшуда “генерал-майор” ва ордени “Ормет” дархост пешниҳод мекунад.

Асп ҳамчун пора: Ҳакимов оид ба мушкилоти коррупсия дар Тоҷикистон гуфт

Тибқи иттилои дигар расонаҳо, номи генерал-майори маҳкумшуда Кайрат Копбоев будааст.

Барчаспҳо:
зиндон, пора, генерал-майор, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ