02:34 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
774 0 0

Шоми душанбе, 21 декабр, ҳамроҳшавии бузурги сайёраҳои Зуҳал ва Муштарӣ дар назар аст, сокинони Тоҷикистон падидаҳоро дар қисмати ҷанубу ғарбии осмон наздик ба уфук баъди ғуруби Офтоб мушоҳида кардан метавонанд

ДУШАНБЕ, 20 дек - Sputnik. Рӯзи душанбе, 21 декабри соли 2020, манзараи хеле аҷибе заминро интизор аст - ба истилоҳ пайвастшавии бузурги сайёраҳои Зуҳал ва Муштарӣ.

“Зуҳал ва Муштарӣ ба якдигар чунон наздик мешаванд, ки онҳоро танҳо бо телескопи хурд дидан мумкин аст. Ин ду сайёра аллакай ба ҳам наздиканд, ки онҳоро бо чашми одӣ фарқ кардан душвор аст. Дар тӯли чанд рӯзи оянда, онҳо пеш аз ҷудо шудан ба як объект муттаҳид мешаванд”,- дар ин бора ба агентии “Ховар” директори Институти астрофизика, доктори илмҳои физика-матемактика, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Гулчеҳра Қоҳирова хабар додааст.

Вай шарҳ дод, ки тайи чанд рӯзи оянда сайёраҳо ба як объект муттаҳид мешаванд ва сипас дубора ҷудо мешаванд.

Ба гуфтаи олим, сарфи назар аз он, ки воқеан Зуҳал ва Муштариро тақрибан панҷ воҳиди астрономӣ ё 750 миллион км ҷудо мекунанд, дар осмон онҳо як ситораи дурахшони дучанд ба назар мерасанд.

Дар Тоҷикистон пайвастшавии наздиктарини онҳоро дар қисми ҷанубу ғарбии осмон наздик ба уфук баъди ғуруби Офтоб мушоҳида кардан мумкин аст.

Номбурда гуфтааст, агар  осмони Тоҷикистон соф шавад, тамошои ин падидаи ҷолиби астрономӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АМИТ ба хоҳишмандон бо ёрии телескоп ташкил карда мешавад.

Офтобгирии чанд лаҳзаина ҳамаро дар ҳайрат гузошт - акс

Ёдовар мешавем ҳамзамон ин рӯзи кӯтоҳтарини сол буда, пас аз он дарозшавии рӯзҳо оғоз  мешаванд.

Барчаспҳо:
АИТ, офтобӣ, сокинон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ