03:04 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати як марди 47-сола бар асари як садамаи нақлиётие, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки феҷеаи мазкур санаи 19-уми декабри соли равон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта шудааст, ки ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Ҳасанов Зиёвуддин, сокини ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Наҷмуддинов Карим, сокини ҷамоати деҳоти А.Рӯдакии ноҳияи мазкурро пахш намудааст.

Ҳалокати Абдулло ва Меҳриниссо дар пайи ду садамаи нақлиётӣ

Манбаъ зикр кардааст, ки дар натиҷа, Наҷмиддинов Карим ҷароҳатҳои вазини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома дода истодаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ