03:02 20 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
484 0 0

Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз мусодираи 2 тоннаю 236 кило маводи мухаддир давоми 11 моҳи соли равон иттилоъ дод

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, сатҳи нашъамандӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба 5 ҳазору 130 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 245 нафар ё 4,6 фоиз коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани  бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати сарҳад  ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд.

“Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштем”,- гуфтааст Воҳидзода.

Шифо ёфтанд? шумораи мӯътодони нашъа дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Номбурда гуфтааст, ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи муходдир ошкор ва ба қайд гирифта шуданд. 

Маводи мухаддир давоми 11 моҳи соли равон мусодирашуда ба 2 тоннаю 236 кг расидааст.

"Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад",-гуфтааст, ӯ.

Директори Агентӣ гуфтааст, ки давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти  ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Барчаспҳо:
нашъаманд, Агентии назорати маводи нашаъаовари Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ