20:45 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
20001

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти се ноболиғ хабар медиҳад, ки дар ғорати дорухонаҳо муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Бино ба иттилои Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Суғд, боздоштшудаҳои яке 15-сола ва дуи дигар 17-сола истиқоматкунандагони маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд буда, бо усули шикастани қулфи дари даромад ё тирезаҳо дуздиҳоро анҷом медодаанд.

Ба иттилои манбаъ, наврасон пештар аз ду то чор маротиба барои дуздӣ суд шудааанд. Манбаъ мегӯяд, гумонбаршудаҳо нишондод медиҳанд, ки дуздиҳоро бо маслиҳати пешакӣ шабона барои ба даст овардани пул содир шуда, асосан хазина ва ҷойҳои пулнигоҳдории дорухона таваҷҷуҳи онҳоро ҷалб ва пули нақд тасарруф шудааст.

“Наврасони дар дуздиҳо гумонбар ҳамчун душвортарбия дар қайди милитсия меистанд. Ду навраси 17-сола 4 маротиба барои дуздӣ суд шуда бошанд, шарики 15-солаи онҳо ду маротиба бо ҷурми дуздӣ доғи судӣ гирифтааст”,-афзудааст, манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, дуздиҳо аввалҳои моҳи декабр содиршуда, тафтишоти пешакӣ 7 ҳолати дуздии маблағи пулӣ аз хазинаи дорухонаҳои ҳудуди шаҳри Хучанд ва 4 ҳамингуна ҳолат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба онҳо нисбат медиҳад.

Камтарин зарари ғорати дорухонаҳои 400 сомонӣ ва аз ҳама бештар 1 700 сомонӣ гуфта мешавад.

Гуфта мешавад, шумораи дорухонаҳои зарардида, ки айни ҳол 11 адад мебошад, ниҳоӣ нест ва пулиси шаҳри Хуҷанд дуздиҳои бо ҳамин шева содиршуда ва изи содиршавиашон ба услуби иттифоқи сегона ҳаммонандро бо методҳои оперативию криминалистӣ мавриди тафтиш ва коркардҳои иловагии оперативӣ қарор додааст.

Барчаспҳо:
ноболиғ, ғорат, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ