20:47 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
263710

Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе ронанде, ки мусофирро заду фирор кард, дастгир кардааст

ДУШАНБЕ, 22 дек - Sputnik. Чандест дар расонаҳои иҷтимоӣ навори ҳолати садама ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардани ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота Кемрӣ” рақами қайди давлатиаш 2001ОQ 01 нашр гардида, мавриди вокуниши васеи корбарон қарор гирифт, аз ин ниҳод хосттори чораҷӯӣ шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, мақомоти милитсияи пойтахт дар заминаи муроҷиати ҷабрдида ва ирсоли навори шаҳрвандон ронандаи автомашинаи тамғаи Ҳасанов Мубин Абдуҷабборовичи 23-соларо боздошт кард.

Манбаъ мегӯяд,  номбурда санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ ҳангоми ҳаркат тавассути кӯчаи Ҷаббор Расулови шаҳри Душанбе қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бо суръати баланд пиёдагарди ноболиғ сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки дар чароғаи сурх роҳро убур мекард, зада аз пой афтондааст.

“Чуноне дар навор дида мешавад, ронандаи мазкур ба ҷои он ки ба ҷабрдида кумаки лозима расонад, баръакс бо суръати баланд аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”,-афзудааст, манбаъ.

Ронандае, ки дар Душанбе ҷавонзанро таъқиб карду гап партофт, ҷарима шуд - навор

Ба гуфтаи ин ниҳод, муайян гардид, ки номбурда худи ҳамон рӯз ба хотири аз ҷавобгарӣ пинҳон мондан, рақамҳои автомашинаи худро иваз намуда, рақамҳои нав, яъне 0327 АВ 01-ро ба расмият дароварда, ҳамзамон автомашинаи худро ба ноҳияи Муъминобод бурда пинҳон кардааст. 

Кормандони милистия дар натиҷаи пешбурди чорабиниҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ ҳолати мазкурро муайян ва автомашинаи номбурдаро боздошт ва ба ҷаримагоҳи муваққати Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас намуданд, афзудааст, манбаъ.

Гуфта мешавад, ҳоло нисбати шаҳрванд Ҳасанов Мубин тибқи талаботи моддаҳои 334 ва 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷишу баррасӣ қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ