21:18 22 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.74
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
502 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи рашк як зан шавҳарашро як маротиба корд задааст

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Тибқи иттили дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса санаи 22-юми декабр сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми декабри соли 2020, тахминан соати 12:00, ҳангоми дар кӯчаи Неъмат Қарабоев қарор доштанаш, ҳамсараш зани 29-солаи сокини пойтахт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисми чапи шикамаш задааст.

Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

Ин нахустин ҳолати корд задани мард аз сӯи ҳамсараш набуда қаблан, ки Вазорати корҳои дохила чунин хабарҳоро нашр карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ