00:55 26 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.73
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
102430

Баъди таваққуфи даҳ сола, интиқоли гази табии Ӯзбекистон дубора ба шаҳри Хуҷанд, маркази шимоли Тоҷикистон расид

ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik.  Ширкати “Суғдиёнгаз” баъди ба охир расонидани ҳудуди 60 километр қубурҳои газгузар, ки то ин замон фарсуда шуда буданд, имрӯз гази табииро ба Хуҷанд расониданд.

Абдулҳаким Суфиев, директори ин ширкат дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар марҳилаи аввал гази таббиӣ барои фаъолсозии корхонаҳои саноатӣ пешниҳод мешавад.

Ӯ гуфт, дар шароити кнунӣ истифодаи газӣ таббӣ назар ба ангишт ва қувваи барқ каммасрафтар аст.

“Гази табиӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёр муфид аст. Ҳоло бо нархи то 2 сомонӣ барои як куб газ ба корхонаҳо пешниҳод карда мешавад, ин нисбати барқу ангишт аз 40 то 60 % маҳсуб мешавад”, гуфт Сӯфиев.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳудуди 150 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст бархеи онҳо барои гузаштан ба ин манбаъи алтернативии сӯзишворӣ кӯшиш доранд.

Бино ба гуфти масъулин қарор аст, баъди таъмин намудани корхонаҳо дар навбати дуюм воситаҳои нақлиёт ва аҳолии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, ноҳяҳои Б. Ғафуров ва Истиқлол бо гази табиӣ таъмин хоҳанд шуд. Масъулони идораи саноат иброз намуданд, ки солона то хоҷагии халқи вилояти Суғд ба 240 милион куб метр газ эҳтиёҷ доранд.

Баъди даҳ сол дар Суғд “бӯи” газ меояд

Хатти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ бунёд шуда, бинобар сардии муносиботи дуҷониба дар он қатъ шуда буд. Баъди Президенти Узбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев муносибати дӯстонаи ду кишвар барқарор гардид ва инак бо гузашти 10 сол гази табии дубора ба вилояти Суғди Тоҷикистон расид.

Коршиносони масоили иқтисодии истифодаи гази табииро дар шароити душвори барқу гармидиҳи манбаъи алтернативии сӯзишворӣ маънидод мекунанд.

Барчаспҳо:
Суғд, газ, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ