Дар Душанбе марде, ки мехост ҷанҷоли ҷавону занро халос кунад, шадидан латукӯб шуд-видео

© Sputnik / Табылды КадырбековДрака
Драка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси шаҳри Душанбе ҷавононеро боздошт кард, ки барои латукӯби ҷавони дигар, ки мехост муноқишаи ду нафарро халос кунаҳд, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанбе,  рӯзи 15 декабр дар кӯчаи Борбад соати сеюними шаб байни сокини 22-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Сунатулло Давлатов ва ҷавонзани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе Сабоҳат Расулова муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, онҳо бо рафтори дағалона якдигарро дашномҳои қабеҳ додаанд.

Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Маст буд: боздошти Ҷононаи 24 - сола барои латукӯб ва таҳқири ду хоҳар дар Душанбе - навор

Муноқишаи лафзии онҳоро дида, роҳгузари тасодуфӣ, шаҳрванд Раҷабов Таваралии 23-сола зодаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, деҳаи Пистамазор мехоҳад аз ҳамдигар раҳо созад.

“Дар ин замон шаҳрванд Сунатулло Давлатов бо ҳамроҳии шаҳрванд, Иброҳимов Бахтиёр Зоировичи 18-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Нахимов, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо шаҳрванд Раҷабов Таваралӣ дарафтода, ӯро маврии латукӯб қарор додаанд, ки ӯ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст”,-афзудааст, манбаъ.

Гуфта мешавад, бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати Давлатов Сунатулло ва Иброҳимов Бахтиёр тибқи талаботи моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд

Ёдовар мешавем, ин моддаи Кодекис ҷиноятии Тоҷикистон то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0