14:48 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
623 0 0

Тавре қаблан хабар дода будем, президенти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2020 дар назди парлумон суханронии ниҳоӣ намекунад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Паёми Президенти Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2020 мавқуф гузошта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2021 дар парлумон суханронӣ хоҳад кард.

Сабаби мушаххаси мавқуф гузоштани чорабинӣ зикр нашудааст.

Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, иллати ба таъхир афтодани суханронии солонаи Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони ин кишвар, баргузор шудани иҷлоси натиҷагирӣ аз рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2020 дар моҳи январи соли ҷадиди 2021 мебошад.

Аз соли 2015 бар асоси риволи маъмӯл, раисиҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи декабр бо арзёбии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, барномаи самту сӯи сиёсати хориҷӣ ва дохилиро барои соли баъд мушаххас мекунад.

Ироаи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба таъхир афтод

Дар нишасти муштараки маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, намояндагони сафоратҳои хориҷии муқими Тоҷикистон, масъулони созмонҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва марокизи илмӣ ва донишгоҳии кишвар низ ширкат мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ