01:26 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
79101

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон барои фаровонии бозор ва пешгирии болоравии нарх ба масъулин дастур додааст

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Тибқи иттилои  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дстгоҳи шаҳрдорӣ, номбурда ин нуктаро имрӯз зимни баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе изҳор доштааст.

Ба иттилои манбаъ, Рустами эмомалӣ оид ба   пешгирии болоравии нархи молу маҳсулоти ниёзи аввалия  дар пойтахт ба муовини соҳавӣ, раисони ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор дастур додааст, ки ҷиҳати таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ аз байн бурдани миёнаравӣ ва таъмини рақобати солим аз фишангҳои дар қонун пешбинишуда, махсусан бо роҳи ворид намудани маҳсулоти захирашуда чораандешӣ намоянд.

Ҳамзамон дастур додааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андоз, кам кардани бақияпулиҳои андозӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ дар соли 2021  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Таъкид шуд, ки тибқи дастури ҳукумати Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад.

Қосим Роҳбар ба бозори “Ҳоҷишариф”-и Бохтар рафту тоҷиронро ба инсоф даъват кард

Рустами Эмомалӣ ҳамзамон ба тобеинаш гуфтааст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент  бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша дар арафи Соли нави мелодӣ  ба аёдати   беморону маъюбон, ятимону шахсони эҳтиёҷманд рафта, аз аҳволашон  бохабар шуда, ба онҳо кумаки моддӣ расонед.

Барчаспҳо:
танзим, нарх, бозор, Рустами Эмомалӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ