17:11 21 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.68
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
233 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар пайи он ноболиғ ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 26 дек - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодса санаи 25-уми декабр тахминан соати 15:40 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар задааст.

Ба иттилои манбаъ,  ронандаи автомашинаи тамғаи “Дамас”, Каримхӯҷаев Ғафурҷон Ҳасанҷонович, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат кардан дар назди мағозаи “Шоирабону”, воқеъ дар кӯчаи Ёваи ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол Расулов Ҷаъфарбек Рустамбековичи 8-соларо задааст.

Манбаъ мегӯяд, Каримхӯҷаев Ғафурҷон пас аз пахш кардани ноболиғ аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
“Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,-афзудааст, манбаъ.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ