04:14 25 феврали 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.16
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
168 0 0

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз марги як сарбозаш бар асари ҳамлаи гуруҳи арманҳо дар Қарабоғи куҳӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорат, ҳамла дар ноҳияи Хоҷаванди Қарабоғи куҳӣ рух дод. Ин ниҳод афзудааст, ки бар асари ҳамлаи гуруҳи мусаллаҳи арманиҳо дар самти деҳаи Агдами ноҳияи Хоҷаванд як сарбоз ба ҳалокат расида, дигаре маҷруҳ шудааст.

“Гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунии арманиҳо, ё низомиёни боқимондаи арманиҳо, ки аз 6 нафар иборат буд, ба воҳиди нерӯҳои Озарбойҷон дар самти деҳаи Агдами ноҳияи Хоҷаванд ҳамла кард”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорат афзудааст, ки ҳамаи 6 ҳамлагар нобуд карда шуданд.

Ин дар ҳолест, ки бар асари созишномаи сеҷонибаи Арманистон, Русия ва Озарбойҷон аз 10-уми ноябри соли равон дар Қарабоғи куҳӣ оташбас эълон шуд. Бар асоси ин санад, Арманистон он навоҳии Озарбойҷонро, ки зери назорат дошт, баргардонд.

Оташбасро дар қаламрави Қарабоғи куҳӣ нерӯҳои сулҳбони Русия назорат мекунанд, ки дар ҳайати наздики ду ҳазор нафар вориди ин қаламрав шуданд.

Барчаспҳо:
марг, ҳамла, Қарабоғи Кӯҳӣ, Арманистон, Озарбойҷон

Мавзӯъҳои асосӣ