03:22 27 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
1208 0 0

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 26 - солаи шаҳри Ҳисорро боздошт намуданд, ки дар куштори ҳамшаҳрии худ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур санаи 26 - уми декабр рух додааст.

Ба манзилаш бурд ва се маротиба бо табар ба гарданаш зад: куштор дар Суғд

"Ҷавони 26 - сола, сокини шаҳри Ҳисор, субҳи барвақт соати 06:30 дақиқа ба ин амали зишт даст задааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, номбурда бо роҳи ғайриқонунӣ вориди манзили зисти зани 52 - сола шуда, ӯро аз роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонд.

Рашк: куштор ҳангоми дидани алоқаи ҷинсии зани ҷавонаш бо ҳамсоя-видео

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои "и", "л" Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
буғӣ кардан, ҷавон, куштор, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ