14:49 19 январи 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.63
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
452 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати кордкашии ноболиғон дар пойтахти кишвар дар шаби Соли нав хабар додааст

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино бо ариза ҷабрдида, ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст. 

Ӯ арз доштааст, ки санаи 31-уми декабри соли 2020, тахминан соати 23:00, дар маҳаллаи Хуҷандӣ ҳадафи латукӯб ва кордзанӣ қарор гирифтааст. 

Манбаъ аз қавли муроҷиаткунанда илова намуд, ки ду ноболиғи 17-солаи сокинони пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ ҷангу ҷанҷол карда, нисбаташ дашномҳои қабеҳ гуфтаанд.

"Баъдан, яке аз онҳо бо корд 1-маротиба ба баданаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
Соли нав, боздошт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ