13:59 04 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.64
  • RUB0.15
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
43901

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқи дастурамали порлумони кишвар барои мулоқот бо мардум мераванд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, вакилони мардумӣ то 9 январи соли равон ба навоҳии ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ хоҳанд рафт.

Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат вакилон бо аҳолии минтақаҳое, ки бо дастгирияшон ба парлумон роҳ ёфтанд, мулоқот хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, зимни дидорҳо вакилон вазъи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро омӯхта, бо мушкилоти мардум огоҳии беҳтар пайдо карда, назароти ононро ба ҳукумат хоҳанд расонид.

Инчунин дар назар аст, ки вакилон аз санаду қонунҳои қабулкардаашон суҳбат кунанду назари мардумро шунаванд ва ҳамзамон мазмуну муҳтавои паёми президентро ба мардум расонанд.

Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.

Ёдовар мешавем, вакилон соли гузашта барои 10 рӯз аз 7 январ барои мулоқот бо аҳолӣ рафта буданд.

Барчаспҳо:
вакилон, мардум, дидор, Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ